АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ТИ ДЕҲАИ "ОРЗУ"

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15.12.2023 дар МТМУ №6-и деҳаи “Орзу”-и ҷамоати деҳотии ноҳияи Носири Хусрав Амалёти муштараки “Соати сиёсӣ”  аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кормандони Кумитаи иҷроия дар мавзӯҳои баланд бардоштани маърифати  сиёсию  ҳуқуқии   ҷавонон, ҷалби  ҷавонон  дар бунёди   ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳсилоту илмомӯзӣ, омӯзиши  касбу  ҳунар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои террористӣ суханронӣ намуданд. 

Мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронӣ баромад намуда, оид ба пайравони гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳар гуна хабару иттилооти бардӯруғу фитнаангезро пахш мекунанд, аз  ҳақиқату  адолат  хелу  дур ва асоси воқеӣ надоранд, суханронӣ намуд.  Амалиёти  «Соати  сиёсӣ"  дар  муассисаҳои  таълимии  ноҳия  аз ҷониби  масъулини Кумитаи  иҷроия зери назорати  қатъӣ гирифта шуда, ҷиҳати дар сатҳи  баланд баргузор гардиданашон мусоидат намуданд. Дар маҷмӯъ амалиёти муштарак дар МТМУ №6 дар сатҳи  баланд баргузор гардид.