ГАРМХОНАИ ПАРВАРИШИ ЛИМОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СОМОН-БОХТАР”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён, гармхонаи парвариши лимонро дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” мавриди боздид қарор доданд.

Иттилло бояд дод, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектари дигарро низ замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад. Хоҷагии мазкурро, ки роҳбарашро Ҷобирзода Маҳмадтолиб ба уҳда дорад, 10 гармхонаи дигар бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни як сафари корӣ ба истифода дода шуда буд, ки баъди бунёди гармхона 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин истеҳсоли лиму дар хоҷагӣ дар соли 2022 - 40 тонна ва соли ҷорӣ бошад, ҷамъоварии он ба 50 тонна расонида мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дохили кишвар ва ба Федератсияи Русия содирот мегардад.

Баъди шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ баҳои баланд доданд.