САНГФАРШКУНӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

           Дар доираи ин иқдом  бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби аъзою кормандони ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони  Ҷамоати шаҳраки  ноҳияи Муъминобод ва дастигирию роҳнамоиҳои бевоситаи раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф як километр роҳи  мазкур ҳамвор ва сангфарш карда шуд.

        Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд, то ба ин васила дар рушду нумӯи як гӯшаи кишвари азизамон нақши арзандаи хешро гузошта бошанд.