ОМӮЗИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТАБИБОН”

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 14-уми декабри соли 2023 мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон”  дидан намуданд.

Ин навбат зимни омӯзиш аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон” дар ноҳияи Қубодиён шиносои пайдо намуда, ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, утоқи корӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҳисоботҳои омории аъзо, варақаҳо ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, бо масъулини ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар гардонидани фаъолияти минъбада дастуру супоришҳои судманд дода шуд.

 Роҳбари ташкилоти ибтидоии “Табибон” Ойматов Холмурод иброз намуданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар намуда, баҳри баланд бардоштаи нуфузу эътибори ҲХДТ,  баҳри ободиву зебогии ватани азизамон дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ талош варзида, бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд фаъолиятро баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ, ҳамчунин ҷиҳати ҷонок намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баҳри ободиву зебогии ватани азизамон бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ талош варзида, саҳми арзандаи хешро дар ин самт мегузорем.