ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 115 – СОЛАГИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати арҷгузори ба хизматҳои шоёни Қаҳрамони миллати тоҷик Академик Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бахшида ба 115 – солагии фарзанди фарзонаи миллат ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур дар баробари устодону омузгорон инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок ва суханронӣ намуд.Зимни суханронӣ қайд карданд, ки дар таърих кам андар кам пешвоёни сиёсӣ ё сиёсатмадороне  ёфт мешаванд, ки ҳамзамон ду кор, яъне касби олимӣ ва пешаи роҳбариро идома диҳанд. Хушбахтона, Б. Ғафуров ҳам олими ҷомеашинос буду ҳам роҳбари  хирадманду  некўпеша. Агар дар кори роҳбарӣ баҳри ташаккулу шукуфоии Тоҷикистон талоши пайгирона карда бошад, дар кори олимӣ, илми таъриху ховаршиносии миллиро ба по монда, ба таҳияву таълифи таъриху фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик пардохта, аввал, китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро соли 1947 ба забони тоҷикӣ ва баъд  соли 1972 асари фундаменталии «Тоҷикон- таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёна» дар нашриёти «Наука»-и Маскав ба забони русӣ аз чоп баромад, ки пасон ба забони тоҷикӣ тарҷумаю нашр гардид. Беш аз 100 кори илмӣ  бахшида ба таърихи ислом, таърихи халқҳои Осиёи Миёна, таърихи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо, ва фарҳанги халқҳои Шарқ ба табъ расонидааст. Дар соли 1951 рисолаи докториро доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин то инқилоби Октябр ҳимоя намудаст. Аз соли 1938 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1946 то соли 1962 депутати Шўрои Олии СССР интихоб гардидаст. Дар соли 1966 дубора депутати Шўрои Олии СССР интихоб шуд. Дар анҷуманҳои Х1Х ва ХХ КПСС аъзои  КМ КПСС интихоб гардид. Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар синни 68-солагӣ даргузашт. Барои фаъолияти пурғайрати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи шарқшиносии  шўравӣ Б. Ғафуров  соли  1968  бо  ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва соли 1975 бо ордени Инқилоби  Октиябр сарфароз гардид. 6 маротиба  бо   ордени Ленин мукофотонида шудааст.