СУҲБАТ БО ДОНИШМАНДИ ЭНСИКЛОПЕДИСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Абдулҳай Комилӣ, доктори илмҳои физика-математика ва профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав, академики Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, шоир, филолог ва шарқшинос аст. Дар ин матлаб бобати кору фаъолият ва муҳимияти фанҳои дақиқ бо эшон суҳбате дорем, ки фишурдаи онро пешкаши Шумо хонандаи азиз мегардонем.

Мегуфтед, ки дар миёни фанҳои дақиқ ва фанҳои ҷамъиятӣ чӣ умумиятеро мебинед?
‒ Дар миёни онҳо албатта умумияте вуҷуд дорад, ки новобаста аз хоҳиши инсон рӯ мезанад. Масалан, фанни риёзӣ ҳамчун маликаи фанҳо шинохта шудааст, қабл аз ихтирои рамзиёташ тавассути сухан, яъне бо ҳарф, ҳатто шеър ифода ва масъалагузорӣ мешуд. Мисолаш, дар адабиёт ҳисоби абҷад аст. Агар ба таъбири Иқболи Лоҳурӣ, ки «кушояд розу худ роз аст одам» гуфтааст, бигӯем, табиату ҷамъият бо ҳамдигар умумияти ногусастанӣ доранд ва тамоми соҳаҳои дониш, чӣ ақливу чӣ нақлӣ калиди ҳалли он муаммоҳост.
‒ Яке аз самтҳои тадқиқоти Шумо ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин самт чӣ корҳоро ба сомон расонидаед?
‒ Ёдовар бояд шуд, ки аввалин шарораро дар бораи ашъори Мавлоно падари бузургворам-омӯзгор ва шоири мардумӣ Шарифхӯҷа Комилӣ ҳанӯз солҳои ҷавонӣ дар дилам афрӯхта буданд. Баъд аз хатми факултети физикаи ДДМ ба номи М.В. Ломоносов тақдир маро бо инсони наҷибу хайрхоҳ Гулрӯзи Наврӯз ошно сохт, ки бидуни хондани даҳҳо шеър аз осори ниёгон ва махсусан Мавлоно рӯзашро сипарӣ намекард ва ӯ меҳри Мавлоноро дар дили ман даҳчанд афзуд. Ибтидо пешаам хондан, таҳлил кардан ва лаззат бурдан аз ашъори волои Мавлоно буд. Аммо вақте баъзе «мақола»-ҳои пурҳазёну газофи дигаронро дар бораи ин бузургвор ва муршидаш – Шамси Табрезӣ хондам, ба хулосае омадам, ки дар ин самт як кори кучаке анҷом диҳам. То ҳанӯз ду китобча бо номҳои «Мавлононома», «Шамс ва Мавлоно дар ойинаи муҳаққиқон» ва 12 мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр кардаам. Агар умр вафо кунад, ният дорам, ки дар оянда ба таълифи шарҳи ашъори душворфаҳми Мавлоно пардозам.
Ба андешаи Шумо дар кишвар ал-
ҳол кадом соҳаҳои илми муосир аз нигоҳи муҳаққиқон дур мондаанд?
‒ Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳама камомӯзиштар ин фанҳои физика ва геометрия ба ҳисоб меравад. Умуман, чи дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тамоюли табиию риёзидошта низ барои таълими ин фанҳо соатҳои хеле кам ҷудо шудаанд. Аз ин рӯ, ба назари ман, омӯзиши илмҳои риёзиву табиӣ камтаҳқиқанд.
Шумо ба ҷуз олими энсиклопедист будан, шоир низ ҳастед. То ин муддат кадом маҷмуаҳои шеъриатонро пешкаши хонанда кардаед?
‒ Маҷмуаҳои шеъриам чандон калонҳаҷм набошанд ҳам, мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Шеърҳоямро дар мавзуъҳои фалсафӣ, лирикӣ, шоҳмот дар назм ва ғайра таълиф намудаам, ки бо номҳои «Падарнома», «Модарнома», «Рози гардун», «Ҳасрати миллат», «Моти Легал», «Гамбити Домиано», «Камонабрӯ», «Бӯсанома», «Муштарии меҳр», «Равзаи Ноҳид», «Гулбуни умед» ва «Завқи мухаммас» чоп шудаанд.
‒ Барои муҳаққиқи воқеӣ шудан ба муҳаққиқони оянда кадом меъёр ва ё ченакҳоро тавсия медиҳед?
‒ Дар ин самт саъю кӯшиш намудан, аз мушкилиҳо наҳаросидан ва мутолиаи шабонарӯзиро тавсия медиҳам.
Имрӯз дар илми муосири то-ҷик, дар мавлоношиносӣ ягон каҷравиҳоеро пай бурдаед?
‒ Ман табиатан чунин ба воя расидаам, ки бояд касеро наранҷонам. Дар ин ҷода ман худро пайрави шоҳмотбозе бо номи Паул мешуморам. Муҳаққиқони таърихи шоҳмот мегӯянд, ки ӯ ҳатто имкони қаҳрамон (чемпион)-и ҷаҳонӣ шуданро дошт. Ҳангоми ғалаба кардан, агар чашмаш ба чеҳраи ҳарифаш афтаду ҳарифро ноҳинҷор бинад, қасдан бозиро дуранг мекардааст ва намехостааст, ки ӯ худро мағлуб ҳис кунад. Яъне, бисёр шахси бораҳм будааст. Ман ҳам чандин мақолаҳо ва китобҳоро хондаам, ки ба қавли профессор Шодимуҳаммад Суфизода «сазояш пасттар аз танқид аст» ва намехоҳам муаллифонашон ранҷидахотир бошанд, он таълифотро нодида мегираму аз хондаам афсӯс мехӯрам. Вале вақте сухан дар бораи шаъни миллат меравад, мехоҳам бо ҳар роҳе, ки набошад, хатоҳои рухдодаро ҳаддалимкон ислоҳ кунам, то фардоиён бар сари муҳаққиқони мо санги маломат назананд, ки эшон саҳлангору хатокоранд.
Ҳоло баъзеҳо дар мавриди зодгоҳи Мавлоно ва мазори Шамс ба иштибоҳот роҳ медиҳанд. Ман ҳам ба сад ҷон мехоҳам, ки Мавлоно аз Вахш, ё Сангтӯда, ё Бохтари кунунӣ (Қӯрғонтеппа) бошад... Аммо чунин нест, ба ҳеҷ ваҷҳ. Ӯ Балхимавлуд буду Балх ҳам аз қадим то ба имрӯз шаҳри тоҷикӣ аст ва худи Мавлоно ҳам тоҷики суннии ҳанафимазҳаб буд.
Дар мавриди мазори Шамси Табрезӣ, баъзеҳо собит карданианд, ки мазори он бузургвор дар Вешаби ноҳияи Айнӣ аст. Аммо чунин нест. Ҳақиқат чизи дигар аст. Тасаввур кунед, ки шумо аз рӯи меҳратон ба зодгоҳатон ягон бузургмарди таърихиро бо баҳонаҳои сохтаву тахайюлоти бофта зодаи диёри худ меҳисобед. Фардо ки ҳақиқат ошкор мешавад, на танҳо хонандагон, балки донишмандон ҳам ба дигар корҳои воқеан арзандаи шумо бо шубҳа менигаранд.
‒ Аз касби пеша кардаатон ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудаед?
‒ На танҳо хушнудам ва агар сад бори дигар таваллуд шавам ҳам, ҳамин касби илмомӯзиро пеша хоҳам кард.

Мусоҳиб,
Раҷабалӣ Худоёрзода