ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ЗОДАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

10 декабри соли 2023 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Дар ин марҳилаи ҷадиди идеологӣ барои мустаҳкамии сиёсати давлатдории навин мардуми шарафманди Тоҷикистон мавқеи худро муайян намуда, ба сафи ин ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ  пайвастанд.

Баъди ба даст овардани Истиқ-лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои сиёсии давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пули миллӣ ва пойтахт, ки  яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, боиси ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Боиси зикр аст, ки мо тоҷикон  аз он ифтихор дорем, ки аз 7500 қавму миллатҳои ҷаҳон соҳиби сарзамин, давлат ва муқаддасоти миллӣ  ҳастем. Яъне, дар Созмони Милали Муттаҳид аз 7500 қавму миллатҳои ҷаҳон 194 давлат ба қайд гирифта шудааст, ки 2,6 фисадро ташкил менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  дар ин 2,6 фисад дохил мешавад.  

 

Аз нигоҳи сиёсӣ Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонист дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун ташаббускор ва пешоҳанг барои бартарафсозии мушкилоти ҷаҳон ва минтақа бо суханрониҳои баланди сиёсӣ, так-лифу пешниҳод ба роҳбарон ва созмонҳои ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистонро баланд бардорад.
Дар таърихи навини миллати тоҷик воқеаҳои бузурге ҳастанд, ки барои мардум басо азизу муқаддас ва дар ҳаёти ҳар яки мо нақши бориз гузоштаанд.

 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - зодаи даврони истиқлолияти кишвар буда,  29 сол қабл баъди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақида ё идеяи таъсиси ин ҳизби сиёсӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад.  
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат нақши калидӣ дошта, бо амалишавии барномаҳои он обрӯ ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст.
Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ барои давлати мустақил тақозои замон аст. Агар аз ҳамин нуқтаи назар мо ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, дар замоне ба вуҷуд омад, ки Тоҷикистон як марҳилаи душвортарини таърихии худро тай менамуд. Ин давраи ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ буд ва гурӯҳи ифротгароии террористии ҲНИ намехостанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ дар арсаи байналмилалӣ арзи вуҷуд дошта бошад.

 

Давраи асосии ташаккули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон манбаъ мегирад. Ин иҷлосияе, ки онро тақдирсоз мегӯем, дар ҳақиқат барои ҳаёти мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро дар давраҳои минбаъда муайян кард. Ҳарчанд тоҷику тоҷикистониён баъд аз истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърихӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале бо шарофати азми қавӣ ва нияти неки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид, ки зери роҳбарии ин абармарди сиёсат муттаҳид гардида, давлатро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.
 

Маврид ба зикр аст, ки  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан, дар вилояти Хатлон биноҳои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бевосита бо дастури Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ва ба истифода дода шудааст. Аз ҷумлаи он, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, ки соли 2019 бевосита бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз бо шароити хуби корӣ  ба истифода дода шудааст.
 

Бояд қайд кард, ки дар зарфи 25 соли фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб шахсиятҳои бонуфузи шаҳр ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроия кору фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, Исмон Хушвахтов солҳои 1998-2001, Бобоҷон Муродов солҳои 2001-2003, Абдуҷаббор Зардиев солҳои 2003-2006, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова солҳои 2006-2009, Хурсанд Аъзамов солҳои 2009-2010, Зулайхо Ҳақназарзода 2011-2014, Саъбагул Валиева 2014-2019, Орзу Ҳамидиён солҳои 2019-2020, Гулрухсор Шарифзода солҳои 2020-2022 ва аз соли 2022 то инҷониб банда Салим Сайвализода фаъолият намуда истодаам.  
 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури роҳбарияти олии ҳизб, тибқи талаботи Оиннома ва Барнома, нақшаи корӣ, рейтинги ҳизбӣ пайваста конференсияҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, аксия ва озмунҳо, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ-таблиғотӣ,           ташаббус, мақола дар атрофи ҷашнҳои миллию давлатӣ, видеороликҳои таблиғотӣ, иштироки кормандон ва аъзои ҳизб дар Барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ, баргузор намудани соатҳои сиёсӣ, вокуниш бар зидди мақолаҳои иғвоангез, интишори чорабиниҳо дар ҳафтаномаҳо, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ иҷро ва инъикос мекунанд.
Дар навбати худ, мо - аъзои ҳизб масъулияти хеле бузург – ҳамсафи Пешвои миллат буданро ба зимма дорем. Бинобар ин, кору пайкори мо бояд ба ин арзишҳо ҷавобгӯ бошад. Кӯшиш намоем, ки дар ҳама ҷанбаҳо намунаи ибрат ва пешсафу ташаббускор бошем.  
Дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ ормонҳои халқ ва принсипҳои бунёдии демократия қарор гирифтаанд, чунки он маҳсули тафаккуру эҷоди Пешвои миллат ва халқи тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. ҲХДТ дар 29 соли фаъолият худро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, ҳизби бонуфузу соҳибэҳтиром, неруи созанда дар замири мардум ҷой дода, барои таъмини  беҳтарин ормонҳои халқи тоҷик хизмат намуда истодааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 29 - солагии таъсисёбии ҲХДТ якҷо бо зерсохторҳои ҳизбии худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати давлату  Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар оянда тавассути ҷалби усулҳои нави корӣ масъулияту уҳдадориҳои худро ҷоннок намуда, дар роҳандозӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми боризи худро мегузоранд.
 

Боис ба зикр аст, ки ҲХДТ дар худ калимаи “халқ”-ро таҷассум менамояд ва ин маънои онро дорад, ки ҳизб дар хизмати халқ қарор дош-та, тамоми неруву тавоноии хешро баҳри таъмини зиндагии арзанда ба мардум  равона месозад. Дар арафаи 29-солагии  таъсисёбии ҲХДТ дар бештари таш-килотҳои ибтидоии ҳизбӣ чора-биниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор гашта истодаанд.
 

Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзем, то барои рушди иқтисод ва зиндагии шоис-таи мардуми Тоҷикистон  шароити созгор муҳайё намуда,  дар оянда ба сатҳи кишварҳои мутараққии ҷаҳон бирасем.
Мо – пайравони Пешвои миллат дар оянда низ тамоми неру, маҳорат, имконият ва иқтидори зеҳнии худро баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани давлати миллӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон -Тоҷикистон сафарбар хоҳем кард.  

Салим САЙВАЛИЗОДА,
 раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб