ҲХДТ ДОРОИ АНДЕШАҲОИ БУЗУРГУ СОЗАНДА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи бузурги сиёсиест, ки дар муҳимтарин марҳалаи бунёди ҷомеаи демократии даврони соҳибистиқлолии кишвар бо гомҳои устувор ба арсаи сиёсат ворид шуда, дар як муддати кӯтоҳ дар саросари кишварамон аъзо  ва ҷонибдорони содиқи худро пайдо намуд.

Маҳз бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омадани ин ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буд, ки дар муддати начандон тулонӣ миёни мардум нуфузу мақоми арзандаро соҳиб гардида, аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз дар рушду пешрафти кишвари азизамон нақши меҳварӣ мебозад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо андешаҳои бузургу созанда ва ғояи ватандӯстонаву ватанпарварона миёни ҷомеа муаррифӣ гардида, дар ин ҷодаи пуршараф шебу фарози зиёдеро паси сар намуд.    
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷи-кистон, ки бо барномаи ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат таъсис ёфтааст, имрӯз ҳамчун  неруи пешбаранда ҷомеаро дар масири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳнамоӣ карда истодааст.    

 

Ҳамзамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни  фаъолият ва ҷанбаҳои ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сол аз сол миёни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти бештар пайдо мекунад.
 

Зеро сафдарони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо андешаву неруи созандаи хеш ҷиҳати сафарбар намудани мардум ба корҳои хайру созанда, таҳкими ғояҳои сулҳу осоиштагӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва даъвати омма ба сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун фаъолона саҳм гузошта, ҳадафу ниятҳои неку созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар нахус-тин Анҷумани таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта буд, дар амал татбиқ карда истодаанд. Натиҷаи заҳмату талошҳои содиқонаи роҳбарият, аъзо ва ҷонибдорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон пойдор ва аз самараи рушду  пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда истодааст.
 

Тавре Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронии хеш дар яке аз Анҷуманҳои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳор доштанд: “Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди  иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад”.
 

Маврид ба ёдоварист, ки айни замон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои он, ки нуфузи аъзоаш ба 186 ҳазору 732  нафар расидааст,  дорои 2 ҳазору 828 ташкилоти ибтидоиии ҳизбӣ буда, ҳудуди 61 ҳазору 748  нафари онҳоро ҷавонон ва 94 ҳазору 795  нафарашонро бонувони ватандӯст ташкил медиҳанд, ки дар  ҳама  ҷодаҳои  хоҷагии халқи вилоят самаранок фаъолият дошта,  дар корҳои ободониву рушду тараққиёти мамлакат саҳми пешоҳангӣ доранд.
 

Дар воқеъ дар амал татбиқ  гардидани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёдгузори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, иҷрои ҳар як иқдоми рӯидастгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаву масъулияти рӯзмарраи хеш мешуморад. Дар ин росто натиҷаву дастовардҳои назарраси ҷомеа ва давлати мо дар самти бунёду азнавсозии мактабу шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии  пайвастаи  табақаҳои  камбизоати  аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат далели гуфтаҳои болост.
 

Қобили зикр аст,  ки  робитаи  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, ҳамзамон ВАО имкон фароҳам оварда истодааст, ки мо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи соҳибмаърифати Тоҷикистони азиз дар масири расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаамон гомҳои устувор гузорем.                                   
 

Аммо масъалаҳои муҳими рӯзмарра ва вазъи кунунии ҷаҳони муосир аз ҳар яки мо фаъолону аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба хотири ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ғояҳои пешбарандаи ҷомеа ва пешгирӣ аз таъсири равандҳои хатарзо дар ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар саъю талош варзем.
 

Дар воқеъ, татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизбӣ ва вазифаву масъулиятҳои дар  назди худ гузоштаамон моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дидгоҳи воқеъбинона дар самти маърифатнокии аҳолӣ, бахусус  тарбияи ватандӯстиву тарғиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ миёни насли ҷавони мамлакат нақши пешоҳангӣ дошта бошем.
 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти  ҳизбиён  ҷиҳати  фаҳмондадиҳии мардум ин дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро миёни ҷомеа тарғибу ташвиқ намудан аст. Ҳамзамон, дар баробари таваҷҷуҳ ба сифати шахсии аъзои ҳизб, ки бояд нафарони дорои маърифати баландро ба сафи ҳизб ҷалб намоем, инчунин тақвияти робитаҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ арзёбӣ мегардад.
 

Бинобар ин, бо истифода аз усулҳои наву замонавӣ ва ҷалби зиёиёну донишмадон ва дигар шахсиятҳои обрӯманд дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ метавон дар самти маърифатнокии ҷомеа бештар муваффақ гардид. Яке аз ҳадафҳои дигари муҳиму ояндасози Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон  ин тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони кишвар аст, ки давоми фаъолияти 29-солаи худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом додааст. Натиҷаи фаъолияти пурсамари роҳбарият ва  фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва  шаҳру деҳот аст, ки имрӯзҳо ҷавонон ва бонувони кишвар дар ҳамаи зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фаъ-олият доранд.
 

Дар умум, Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дошта, ҷиҳати ҳифзи ин дастовардҳо мо-фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд, ки фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монда, дар татбиқи ҳадафҳои  пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои баландтар  ноил  гардем.     
 

Дар ин росто фаъолияти табли-ғотии  мо бояд ба баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум равона гардида, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва дигар ғояҳои ояндасози ҷомеа нақши муассир дошта бошад. Зеро рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки бо андешаҳои созандаву ояндасоз мардумро ба корҳои ободонии Ватан ва рушду пешрафти он ҳидоят кардан аст.
 

Барои ноил шудан дар ин ҷода бояд ҳар як узви ҳизб бо садоқату вафодорӣ баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саъю кӯшиш ба харҷ диҳад.

Қумринисо ГУЛМУРОДЗОДА,
муовини  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон