29 РӮЙДОДИ МУҲИМ ДАР ҲАЁТИ ҲХДТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар ин давраи муҳиму тақдирсоз ҷомеаи соҳибистиқлол шоҳи-ди муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёту фаъолияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардида, имрӯз ба ҳизби бонуфуз ва пешоҳанги ҷомеа  табдил ёфтааст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созмон ёфт.
10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  қарор қабул намуда,  Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
Давоми соли 1995 нахустин аъзои пешоҳанги  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  фаъолияти худро дар асоси Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда, бо хизмати содиқонаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳизби навтаъсисро ҳамчун ҳизби ҷамъиятӣ-сиёсӣ муаррифӣ карданд.
30 марти соли 1996 Анҷумани II Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷи-кистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.
18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман Раиси ҳизб интихоб намуд.
11 июли соли 1998   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  таъсис ёфт.
23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
22-юми сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа-давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.
21 декабри соли 2001 Маҷлиси КИМ ҲХДТ дар асоси маърузаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолияти ҳизбӣ қарорҳои таърихӣ қабул намуд.

Дар таърихи 26-уми декабр Маҷлиси КИМ ҲХДТ вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ-ро дар марҳилаи нав муҳокима кард. Нахустин шумораи наш-
рияи ҳизбии “Ҳамрози халқ” соли 2003 аз чоп баромад.

22-юми октябри соли 2004 Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд. Маҷлис суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рафти омодагии  ташкилотҳои ҲХДТ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунид. Оид ба чорабиниҳои КИМ ҲХДТ бахшида ба даҳумин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъвати Анҷумани VIII ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул кард.
18 декабри соли 2004 Анҷумани VII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуд. Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт.

Дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, ки санаи 21-уми декабри соли 2005 доир гардид, маърузаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҲХДТ» шунида, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

22-юми июни соли 2006 Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Маҷлис санаи баргузории Анҷумани IX ҲХДТ - 23 сентябри соли 2006-ро муайян намуда, рӯзномаи онро тасдиқ кард. 22 сентябри соли 2006 рӯзномаи электронии ҲХДТ- «Tribun.tj» ба фаъолият оғоз намуд.
23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман як масъала-пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соли 2006-ум дар вилоят теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ  1 ҳазору 168 адад буда, шумораи аъзо дар ин давра 19 ҳазору 238 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дорои 1 бинои маъмурӣ ва шумораи кормандони дастгоҳ бошад, 10 нафар. Дар ин давра  Ташкилоти ҷавонон бо номи “Исмоили Сомонӣ” таъсис ёфт.

11 майи соли 2007 дар ноҳияи Ҳисор семинари умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзуи «Тадбиқи дастуру супоришҳои Раиси  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон асоси таҳкими сафи ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа» баргузор гардид.

2-3 майи соли 2008 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ доир шуд. Дар машварат қарор дар бораи «Ба сарпарастии маънавӣ гирифтани сохтмони НБО-и Роғун аз тарафи ҲХДТ» қабул гардид.
Теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ  дар соли 2008 ба 1 ҳазору 201 адад расида, шумораи аъзои ҳизб  30 ҳазору 631 нафарро ташкил медиҳад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти    
   Хатлон соҳиби 1 адад нақлиёти хизматӣ гардид.

8 декабри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ Анҷумани Х ҳизб доир шуд. Дар ин Анҷумани таърихӣ 1 ҳазору 900 вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст, аз ҷумла «Единая Россия», «Оқ жол»-и Қирғизистон, «Нуротан»-и Қазоқистон, «Ени Озарбойҷон» ва Ҳизби Коммунисти Чин ширкат варзиданд.
Дар Анҷуман ба вазифаи пуршарафи Раиси ҲХДТ аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.
Анҷуман,  инчунин аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 67 нафарро ба тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб кард.

Дар соли 2010  дар вилояти Хатлон теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ба 1 ҳазору 224 адад расонида шуда, шумораи аъзои ҲХДТ бошад,  31 ҳазору 846 нафарро дар бар мегирад.

20 -уми апрели соли 2011 Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ доир шуд. Дар маҷлис Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад.
5 октябри соли 2011 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сохта ба истифода дода шуд. Баъдан кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Хуросон, Ҷайҳун, Қубодиён, Фархор, Ҷиргатол, Файзобод, Ашт ва Айнӣ низ соҳиби чунин биноҳои маъмурӣ гардиданд.

23-28-уми январи соли 2012 бошад,  барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат машғулиятҳои курси бозомӯзӣ баргузор гардид, ки баъдан, дар Маҷлиси васеи Раёсати КИМ ҲХДТ ба иштирокчиёни он сертификат супурда шуд.

4-уми октябри соли 2013 дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе  Анҷумани XI ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзади ягона ва арзандаи ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

13-уми декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Раёсати Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 ҳазору 193 вакил, фаъолон, аъзои ТҶҶ  «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

4-уми декабри соли 2015 таҳти Раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.

Дар вилояти Хатлон соли 2017   теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 2 ҳазору 114 адад буда,  шумораи аъзои ҳизб 174 ҳазору 774 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра бинои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо 7 адад ва   нақлиёти хизматӣ  бошад,  2 ададро ташкил медиҳад.

7 августи соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба истифода супорида шуд.

Дар вилоят  соли 2020 теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 3 ҳазору 6 адад буда, шумораи аъзои ҳизб  184 ҳазору 400 нафарро дар бар мегирад. Дар ин давра дар 16 шаҳру ноҳия  биноҳои маъмурии ҳизбӣ  сохта ба истифода супорида шуда,  теъдоди нақлиёти хизматӣ ба 22 адад расонида шудааст.  
Моҳи сентябри соли 2020 бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои маъмурии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин ба истифода  супорида шуданд.

28 октябри соли 2021 дар доираи сафари корӣ  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо назардошти самаранокии Рейтинги ҳизбӣ 14 сентябри соли 2022 бо Фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Рейтинги ҳизбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.

26 апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии панҷошёнаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода супорида шуд.
Тибқи иттилоъ ба ҳолати 01 декабри соли 2023 теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар вилоят 2828 адад ва шумораи аъзои ҳизб 186732 нафарро ташкил медиҳад. Биноҳои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо 25 адад буда,  нақлиёти хизматӣ бошад,  26 адад.