29 СОЛИ САРШОР АЗ ифтихор

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, дар ибтидои соли 1993 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.

Вобаста ба ин 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби Демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифодагари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.
 

Аз оғози ба арсаи сиёсат ворид гардидани нахустин узви ин ҳизб, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоидоштаи давлати мо сарчашма гирифта, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии тамоми аҳолии мамлакатро бароварда созад. Сарвари давлат бо мақсади ҷавобгӯи ҳадафу ормонҳои тамоми қишрҳои ҷомеа будани ҲХТ шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб ҳар як санади ташкилии ҳизбро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмил додани он фикру андешаҳои худро пешниҳод мекард. Ин буд, ки асоси Оиннома ва Барномаи ҳизбро меъёрҳои демократӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, санаи 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард ва дар таърихи 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт.
 

Давоми соли 1995 нахустин аъзои пешоҳанги Ҳизби Халқии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда, бо фаъолияти содиқонаи хеш дар ҷодаҳои мухталиф ҳизби навтаъсисро ҳамчун ҳизби ҷамъиятӣ-сиёсӣ миёни ҷомеа муаррифӣ намуданд. Давоми солҳои баъдӣ аъзои Ҳизби Халқии Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва таблиғу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҷомеа дар раванди иқдомҳои муҳими барқарорсозиҳо дар кишвар ва ташаккули сохторҳои давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоштанд. 30 марти соли 1996 Анҷумани 2-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои рӯзмарраи Тоҷикистон, нақши зиёиёну фаъолони ҳизб дар раванди сулҳи тоҷикон ва дигар мавзуъҳои мубрами ҷомеа баррасӣ гардид.
 

Баъдан, дар ҷараёни омодагӣ ба имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ санаи  25  июни  соли  1997  Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ вожаи “Демократия” илова шуда, он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном гирифт. Ҳамин тавр, санаи 18-уми апрели соли 1998 Анҷумани 4-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман Раиси ҳизб интихоб намуданд. Баъдан дар арафаи интихоботи президентӣ 23-юми сентябри соли 1999 вакилони Анҷумани 5-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
 

Дар таърихи 25-уми декабри ҳамон сол Анҷумани VI номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Мурури солҳои баъдӣ дар ҳар як анҷуману маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, стратегия ва барномаҳои ояндасози ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифта, вобаста ба татбиқи ҳадафҳои созанда қарорҳои дахлдор бароварда шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷи-кистон ҳамчун неруи нуфузманди сиёсӣ аз рӯзҳои аввали ба майдони сиёсат ворид шуданаш дар партави сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

 

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҲХДТ аз ҷониби мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳим мебозад. Аз замони таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаш маротиба интихоботи парлумонӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020) ва 4 маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст, ки дар ҳамаи ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб шуда, номзадҳои аз ҳизб пешбаригардида раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷи-кистон сохтори комил ва шеваи фаъ-олияти хоси худро дошта, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти он аст. Ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа масъулияти таърихӣ дошта, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ дорад. Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббусу навоварӣ ва иқдомҳои нав ба нав таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа нуфузи бештар пайдо карда, эътимоду боварии халқ сол то сол ба ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа зиёд гардида истодааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи солҳои охир бо навоварию ташаббусҳои созандааш чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи вилоят ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст. Аз ҷумла, тайи ин муддат Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо рӯи кор овардани  ташаббусҳои созанда, аз ҷумла низоми ҳавасмандгардонии фаъолияти идоракунӣ- “Рейтинги ҳизбӣ”, “Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, Амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ”, электроникунонии фаъолият, татбиқи ҳукумати электронӣ, конференсияҳои байналмилалии илмию амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, маҷаллаи илмию таҳлилии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ва ворид намудани он ба китобхонаи илмию электронии Elibrary.ry, таъсиси Маркази илмию тадқиқотии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” (ташаббус/пешниҳод), Маркази тренингӣ барои кормандони ҳизбӣ, хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроия (ташаббуси КИМ ҲХДТ), амали муштарак бо соҳаи маориф “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” дар пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷи-кистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, инчунин ояндаи неки кишвар ба шумор меравад. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

Зебо Икромзода,
“Ҳамрози халқ”