БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР МТМУ 30 Ҷ.Д ЧУБЕКИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ БО МАҚСАДИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ бо эҳтимоми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия, миёни омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 8, 9,10,11 шурӯъ аз санаи 08 уми соли ҷорӣ мусобиқаи варлишӣ аз рӯи намуди Футбол баргузор гардида истодааст, ки ҷамъбаст ва тақдими медалу ифтихорномаҳо санаи 18 уми соли равон сурат мегирад.Ҷиҳати бозтоби васеи мусобиқа дар сомонаҳои иҷтимоӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ иштироки фаъолона меварзанд. Сарвари муассисаи болозикр зимни сӯҳбат телефонӣ ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ҳадафу мақсад ва баргузории мусобиқаро чунин шарҳ дод: "Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад.

        Мақсад аз баргузории мусобиқи футбол баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати омода будан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад"

       Шуъбаи таблиғот ва иттилоот