ИФТИТОҲИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ №7-И ДЕҲАИ МЕРОБОДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАРҚАД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо Иёлоти Мутаҳидаи Америка бо маблағгузории сафатрати Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидбонгоҳи сарҳадии №7-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор пурра азнавсозӣ карда шуд.  Дар дидбонгоҳи сарҳади  хонаи афсарон, хобгоҳи сарбозон, китобхона, ҳуҷраҳои кории афсарон, ошхона, анбор, ҳаммом ва бинои нигоҳдории нақлиёти ҳарбӣ муҷаҳҳаз бо шароити муосир сохта шудааст. Хонаҳои афсарон ва хобгоҳи сарбозон бо усули муосири гармидиҳии буғи гарм карда мешавад.Зимнни ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии мизкур фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Иёлоти Мутаҳидаи Америка бо маблағгузории сафатрати Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имануел Миколле, сафири Британияи кабир Тим Ҷонс, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, зимни ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии фаъолони ноҳия ҷавонон, волонтиёрон бо либосҳои ҳарбӣ ва парчамҳо дар даст саф ороста ҳамзамон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маърази дид газошта шуд. Зимнан меҳмонон аз иншооти сохташуда боздид намуда, ба сохтмончиён баҳои баланд доданд. Дар ин рӯз ба сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.