ПЕШГИРӢ АЗ ПАРТОВҲОИ ПЛАСТИКӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист"-и ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди шаҳраки Исмоилӣ Сомонии ноҳия ва ҳамчунин шоҳроҳои ноҳияи мазкур зиёда аз 10 адад қуттиҳои санитарӣ барои ҷамъоварӣ намудани қуттиҳои пластикӣ ташкил ва гузошта шуд.

Ба гуфтаи раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ Маҳмадзода Манучеҳр мақсад аз рӯи даст гирифтаи ин иқдоми наҷиб таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни сокинон ва тарғиби фарҳангу маданияти волои шаҳрнишинӣ арзёбӣ мегардад. Зеро солҳои охир бинобар афзоиши истеҳсол ва истифодаи маводи пластикӣ ва беэътиноии баъзе сокинон дар кӯчаву хиёбонҳо зарфу дигар маводи пластикӣ зиёд ба назар мерасанд, ки ҳусни ноҳияро коста мегардонанд.

Масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист"-и ноҳияи Кӯшониён дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар якҷоягӣ бо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо ва нуқтаҳои ҷамъиятии ноҳияи Кӯшониён чунин қуттиҳоро ҷойгир намояд.