ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҳамчунин барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои давлатӣ, 35 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.

Ин навбат бо иштироки кормандони корхонҳову ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баҳри тозаву озода ва назаррабо гардонидани гирду атрофи биноҳо, гузаргоӽӽо ҳашари дастаҷамъонаи гулшинонӣ гузаронида шуд. Тибқи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист" дар маъракаи гулшинонӣ инчунин сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд. Зимни иттиллои Маҳмадзода Манучеҳр Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён дар ноҳия 150 ҳазор адад гулу гулбутаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.