ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО ТАШАББУСИ ҲИЗБИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободониву кабудизоркунӣ имсол дар ноҳияи Кӯшониён беш аз се ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда истодааст. Дар ин бора зимни оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо иштироки узви Кумиттаи Иҷроияи Марказӣ Раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин доир гардид.

Ин навбат тибқи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳифзи муҳити зист" ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Исмоилӣ Сомонӣ Меҳнатобод, Бохтариён ва шафати шоҳроҳои ноҳия баргузор гардид.

Зимни иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ Раиси ноҳия масъулини идораҳову корхонаҳои марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар як нафар масъул буда, сокинони ноҳия тасмим доранд, ки чун ҳарвақта дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.

Бо иттиллои риси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Маҳмадзода Манучеҳр дар мавсими имсола 103 ҳазор бех ниҳолони гуногуни сояфкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида хоҳад шуд. То ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 5 - ҳазор адад дарахтони ҳамешасабз, 1 ҳазору 200 адад дарахтони ороишӣ, 4 ҳазор адад дарахтони сояафкан шинонида шудааст.