ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ ТАШРИФИ ҲИЗБИЁН БА ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Санаи 09-уми декабри соли равон дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 29 солагии таъсисëбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳз аз Осорхонаи таърихии ноҳия боздид ба амал оварданд.  Ҳадафи ташриф ошноии бештар, бо бозёфтҳое мебошанд, ки айни ҳол дар осорхонаи болозикр маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.  Осорхона ганҷури таъриху фарҳанги ҳар як қавму миллат аст. Имрӯз халқҳои ҷаҳон ҷиҳати эҳё ва абадӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии хеш аз муасиртарин роҳҳо истифода мебаранд. Ҳамзамон осорхонаҳои наву замонавӣ бунёд карда, дар он бозёфтҳои нодиреро, ки ба гузаштаи дуру наздики қавму миллаташон марбут аст дар беҳтарин шароит нигаҳдорӣ мекунанд.  Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки мудирияти онро ҷавони фарзонаву фарҳехта, пеш аз ҳама инсони хоксору хушмуомила Раҳимов Шамсулло бар дӯш доранд, ҳамарӯза дарҳои хешро баҳри боздидкунандагони ноҳия ва меҳмонони дохил ва хориҷе, ки ба ноҳия ташриф меоранд боз намуда, ба хотири таъриху тамаддуни куҳанбунёди хешро омӯхтан ва донистани мардум вазифаи бисёр пуриасъулиятро анҷом медиҳандДиректори ҷавони осорхонаи таърихии ноҳия Раҳимов Шамсулло кӯшиш мекунад, ки ҳар як нигораи ин даргоҳи муқаддас боздидкунандагонро бештар ба ваҷд орад. Дар ин осорхона ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои хурду бузурги қадима мавҷуданд, ки ҳар яки он аҳамияти таърихӣ доранд. Осорхонаро бешубҳа метавон оинаи таърих ва фарҳанг номид.  Хосатан, бо кӯшиши кормандони осорхона роҳандозӣ шудани гӯшаҳои махсус дар ташвиқу тарғиби истиқлоли Ватан ва сулҳу ваҳдати миллӣ барои тарбияи насли ҳозира ва ояндаи миллат нақши боризе хоҳад бозид. Осорхонаи ноҳия аз ду толори пури нигораҳои таърихӣ ва як толори ба номи Фалаксарои мумтоз устод Одина Ҳошимов иборат буда, вақте, ки мо ҳизбиён вориди ин даргоҳи муқаддас шудем бо як ҷаҳон таассуроти тоза аз он берун омадем..Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши осорхонаҳо бузург аст. 

         Осорхонаҳо маконе мебошанд, ки чун театр тамошобинро ба ваҷд меоранд, ифтихори миллиро дар қалби бинанда бедор менамоянд ва ё меҳмононро бо гузаштаи ин ё он халқи олам ошно менамоянд. 

        Осорхонаи таърихии ноҳияи Ҳамадонӣ низ вазифаи муқаддасро ба дӯши худ дорад. 

       Боздид аз ин осорхонаи таърихӣ моро бо таърихдонӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиамон ошно менамояд. 

          Маҳз ба туфайли ин осорхонаи таърихӣ тамошобин ба нодиртарин экспонатҳои давраи қадим, ошно мегардад ва дар баробари ин санадҳои таърихиро меомӯзад. Оиди сулҳу ваҳдат маълумот ба даст меорад.

          Кормандони ин даргоҳи муқаддас кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли навро ба он ошно намоянд, ки сулҳу амният ба кишвари мо ройгон наомадааст. Ҳар дастоварди мо қурбониёни зиёде дар пасманзари худ дорад. 

         Дар Осорхонаи таърихии ноҳия оиди ҷонбозиҳои мардони барӯманди миллат дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон маводҳои зиёде ба маърази тамошои тамошобин гузошта шудаанд.

        Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ зимни сайри таърихии осорхона, андешаи хешро чунин баён дошт : Маъхазҳо собит месозанд, ки мардуми тоҷик аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, аз ибтидо то кунун корнамоиҳои беҳадду ҳудудеро анҷом додаву исми хешро дар таърихи башарият сабт намудаанд."

      Тамошои осорхона насли наврасро ба ҷодаи худогоҳиву хештаншиносӣ, пос доштани фарҳанги сербори ниёгон, эҳёи арзишҳои миллӣ, фаҳмиши шохаҳои таърих, фарҳанг, илм, тамаддун ва ҳифз кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар раҳнамоӣ менамояд. 

        Мардуми заҳматқарини ноҳия аз шукргузор аз онанд, ки дар зери ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебо гаштаанд.

       Гузашта аз ин мавриди зикр аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди шадиди тамаддунҳо далел бар он мекунанд, ки мо низ бетафовут набуда, баҳри гирдоварӣ ва маҳфуз доштани мероси пурғановати фарҳангиву таърихӣ иқдомҳои шоиставу боистаро рӯи даст бигирем

        Дар охир ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз сокинони ноҳия даъват ба амал овардаанд, ки бозёфтҳои таърихиро дар хонадони хеш маҳфуз надошта, онро ба ҳар навъе ба осорхонаи таърихии ноҳия дастрас намоянд.

         ХУЛОСА

       Баъд аз тамошои Осорхонаи таърихии ноҳия ва умуман осорхонаҳо метавон ба чунин хулоса омад, ки хушбахтона роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масир бетафовут набуда, аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба бунёди осорхонаҳо ва гирдовариву нигаҳдошти ёфтаҳои таърихиву фарҳангӣ ташаббусҳои беназиреро анҷом додаанд.

         Дар ҳошияи ин, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе осорхонаи беназире бунёд гардидааст, ки дар минтақа ва ҷаҳон назир надорад. 

       Инчунин дар ҳама шаҳру навоҳии ҳудуди ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳои таърихӣ ба фаъолият шуруъ кардаанд, ки ҳар кадом дорои махзани бузурги таърихӣ ба шумор мераванд.

       Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз намунаи олии чунин осорхонаҳо буда, ҳоло дорои экспонатҳое мебошад, ки таърихи бою ғании моро бозгӯй мебошанд. 

        Шамсулло Раҳимов, ки айни замон мудирияти осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бар зима доранд, ба масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба бозёфтҳои маҳфузбуда, иттилоъ ироа карда, маълумотҳои ҷолиберо пешниҳод намуданд. Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ