АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН ДАР ҲАФТАИ ҲХДТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8.12.2023. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" Саломов Рақибҷон, ба айёдати ҷавондухтари имконияташ маҳдуд Сулаймонова Меҳрангез рафта аз ҳолу аҳволашон бохабар гаштанд.

Сулаймонова Меҳрангез маъюбӣ гуруҳи 1 буда, хонандаи синфи 6 - уми муассисаи талимии рақами 43 мебошад ва дар деҳаи Шаҳдрези ҷ/д Ҷиликули ноҳия истиқомат мекунад. Бо иқдоми хайрхоҳӣ аз тарафи аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ба Сулаймонова Меҳрангез аробачаи маъюбӣ дар ҳафтаи ҲХДТ, яъне бахшида ба 29-солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Зимни суҳбат Сулаймонова Меҳрангези 13 сола дар назди ҳозирин шеър дар васфи Пешвои миллат қироат намуд, ки боиси меҳру муҳаббат нисбат ба Пешвои миллат ва ватандӯстии хешро нишон медиҳад.