Кӯмак ба зани эҳтиёҷманд дар арафаи таъсисёбии ҲХДТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошанд. Дар партави гуфтаҳои боло, аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза Разоқ як нафар зани ниёзманд, дастгирӣ карда шуд.Зимни сӯҳбат Сафар Ҳафиза-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия иброз дошт, ки ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро дар мадди аввал гузошта, мунтазам ятимону бепарасторонро дастгирӣ хоҳад намуд ва дасти мадад расонидан ба шахсони маъюбу барҷомонда, яккаву танҳо, ятиму ниёзмандро ҳадафи асосии худ қарор дода,  нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир хоҳад намуд.