СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ВА ТАЪМИРИ МАКТАБ БО ҶАЛБИ СОКИНОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дӯстӣ:  Бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва бо ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон соли ҷорӣ аз ҷониби сокинони ноҳияи Дӯстӣ, Кумитаи падару модарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар шахсони хайрхоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда ва ҳамаи мактабҳо таъмири ҷорӣ гардиданд.

  Чунин иқдом имрӯзҳо низ идома дошта бо ҷалби сокинони деҳаи Кӯҳдоман ва Шаҳринави Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва Кумитаи падару модарон боми бинои МТМУ-35 пурра навсозӣ карда шуда дар шафати бинои МТМУ-47 бинои нави иловагӣ барои хонандагон сохта шуда истодааст.
  Ин ташаббусҳо бо роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" ва ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба роҳ монда шуда дар амалишавии он сокинони деҳаҳои Кӯҳдоман, Шаҳринав ва Кумитаи падару модарон саҳми арзанда мегузоранд.