ҲАДАФ – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорону сокинони ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз қабили сангфаршу мумфаршкунии роҳҳо, таъмири пулҳо ва сохтмони иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

   Аз он ҷумла, имрӯзҳо бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизбӣ аз ташкилоти ибтидоии “Ваҳдати миллӣ” ва аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони муасисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия як адад пули мошингузари деҳаи Фирдавсии ҷамоат бо истифода аз техникаҳои махсус таъмири ҳамаҷониба гардида, мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.