МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ №5”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №5”- ҷиҳати истиболи сазовор аз рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқот бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ятимова Рухшона  баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ вакили ноҳиявӣ иброз доштанд, ки хизматҳои бузургу беназири Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша кард. Вақте ки сухан аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократӣ меравад, пеш аз ҳама, бояд мавқеи устувору дурандешонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар биёрем, ки он роҳи баъдинаи давлати моро муайян ва мушаххас намуд. Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, шахсан худи Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.Тибқи супориши Роҳбари давлат, бояд ҳизбе созмон дода мешуд, ки ҷомеаи моро сарварӣ намояд ва онро ба ояндаи ободу осуда ҳидоят диҳад.Таъкид гардид, ки рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста пайдо намудани он пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи дорои Барномаи мушаххас ва маҳбубияти комил доштани ҳизб дар ҷомеа аст. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи чунин дастовардҳои беназир, амнияту суботи сиёсӣ ва боз ҳам ободтар намудани кишвари азизамон саҳми шоиста гузорем