ИНШОИ БЕҲТАРИН ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар дораи  таҷлили  “Ҳафтаи ҲХДТ” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 – и ноҳияи Данғара дар байни наврасони синни 14 – 18 сола иншои беҳтарин зери унвони “ҲХДТ – ҳизби созанда” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ бо иштирокчиёни озмун  Каримзода Пирмуҳаммад Авғон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Данғара вобаста ба таърихи ҲХДТ ибрози сухан намуд.