МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ-ТАҲКИМБАХШИ ҲАЙЁТИ СОЛИМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 ҳудуди 100 нафар хонанда дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок карданд.Дар он ҳамчунин устодони муассиса низ ҳузур доштанд. Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ҳар субҳ дасрҳо бо машқҳои пагоҳирӯзии хоннадагон оғоз мешавад. Он бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст. Машқҳои мунтазам дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.Тибқи таҳлили коршиносони соҳа баъд аз хоби чандсоата, бояд инсонҳо гардиши хуну тапиши дилро тариқи машқҳои пагоҳирӯзӣ муътадил созанд. Ба гуфта онҳо инсонҳо бояд бо машқҳои пагоҳирӯзӣ мушакҳои дасту поро аз хоб бедор кунад ва ба ин васила дар давоми рӯз худро солиму бардам эҳсос намояд.