ИДОМАИ ШАМБЕГИҲО ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди муассисаи таълимии №3 Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” бо роҳбарии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Мирмадиева арафамоҳ роҳандозӣ карда шуд.Дар ин шамбеги аслан ҷавондухтарон ҷалб гашта корҳои таза кардани ду канони роҳи мошингузарро аз ҳар гуна партовҳо ва баргони дарахтон ба анҷом расониданд.