Сабзкорӣ дар деҳот

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарахтеро шинонида, парваридан амали хайру савоб аст ин аз нигоҳи дини мубини Ислом низ амали савоб буда, дар ин бора ҳадису ривоятҳои  зиёде мавҷуд аст. Вақте ки як шахс ниҳол мешинонад ва касе аз меваи он мехӯрад ё дар сояи он истироҳат мекунад, ба соҳиб дарахт савоби бисёр мерасад, ки савобҳо дар охират ба соҳибаш сипар хоҳанд шуд. Дар ҳақиқат, шинонидани ниҳоли дарахтон на танҳо барои тозагии муҳити зисту зебоии табиат, балки барои фаровонии дастархону серию пурии рӯзгорамон мусоидат мекунад. Мо бо шинонидану парвариши ниҳол на танҳо соҳиби савоби калон мегардем, инчунин манфиатҳои фаровон мебинем.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиев ноҳияи Восеъ бо иштироки Вазири молияи Тоҷикистон ва шумораи зиёди сокинони савобҷӯ зиёда аз 400 нихоли ҳамешасабз шинонида шуд.