НАСБИ ШИОРҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шукронаи оромиву осудагии кишвар, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Тазаккур бояд кард, насби шиору овезаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ дар ноҳия маҳсуб ёфта, баҳри тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, бахшида ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар шоҳроҳҳои ҳудуди ноҳия ва ҷамоату шаҳраку деҳаҳо шиору овезаҳои нав насб карда шуда истодааст.

Дар ин раванд, санаи 30-юми ноябри соли 2023 дар шоҳроҳи ноҳияи Кӯшониён бо ташаббус ва таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ҳашари корҳои ободонию созандагӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоати Меҳнатобод фаъолияти назаррас доштанд.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи протоколӣ ва пулҳои мошингузари ҳудуди ноҳия парчамҳо ва шиору овезаҳо насб карда шуд.