ҶАВОНОН БА КАСБОМӮЗӢ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади бо касбомӯзи фаро гирифтани ҷавонон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон пайваста баргузор карда мешаванд.

Зимни суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касбии техникӣ" Ҷалилов Шаҳром бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин иброз дошт, ки дар ин муассисаи таълимӣ шогирдон ба касбҳои ронандаи трактор, таъмири техникаи кишоварзӣ, кафшергарӣ, сантехникӣ ва маҳорати кадбонугӣ омӯзиш дода шуда бо диплом таъмин карда мешаванд.
Ҳангоми суҳбат бо касбомӯзони ин муассиса таъкид гардид, ки тамоми маҳорату дониши худро баҳри омӯхтани касби интихобнамудаашон сарф намуда, дар оянда ба халқу давлати худ содиқона хизмат намоянд.