ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар доираи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” таърихи 29 - ноябри соли 2023 соати сиёсӣ дар мавзуи “Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост” баргузор карда шуд. Ватани худ, модари худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки фарзандон ва аҳли оилааш дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад, бояд марзу буми Тоҷикистонро  чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.Набояд фаромӯш кард, ки ягон кас ба ҷойи фарзандони сокинони кишвар омада, Ватани онҳоро ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордили тоҷик бояд хизмати Ватан – Модарро сарбаландона ба ҷо орад.Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, мактаби обутоби ҳаётро аз сар мегузаронад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки Ватанро азбар менамоянд. Бинобар ҳамин ҷавононро зарур аст, ки бо сарҷамъиву якдилӣ баҳри ҳимояи Ватан хизматро дар мадди аввал гузоранд. Зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти ҷавонон аст.