АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ТОЗАГИИ ЯК ГӮШАИ ДИЁР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо ва гулгашту майдонҳо, ҳамзамон бахшида ба ҳафтаи ҲХДТ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” шанбегӣ доир гардид.

Дар ин шанбегӣ иштирокдорон бехи дарахтон ва атрофи майдони варзишии маркази ноҳияро рубу чин намуда, аз ҳар гуна партовҳо тоза гардониданд.