Сангфарш намудани роҳи маҳаллаҳо ташаббуси навбатии ҳизбиён аст

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ҳама коллективи аъзоёни ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Ховалинг заҳмату кушиш менамоянд то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҳизбӣ нишон дода, корҳои созандагиву ободониро ба роҳ монанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар роҳраву кӯчаҳо, маҳаллаву деҳот мардум содиқона ва софдилона пайи ободонӣ, тоза намудани кӯча ва таъмири роҳҳо талош меварзанд.

Ташаббуси навбтӣ, ки аз тарафи аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монда шуда буд, сангфарш намудани роҳи маҳаллаҳои дурдасти ҳудуди Ҷамаоти деҳоти Ҷомбахт буд, ки ин амали онҳо мушкилоти сокинонро дар фасли сармои зимистон ва боронгариҳои фасли баҳор осон менамояд.