РОҲПАЙМОӢ ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

16ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу ша-ҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар роҳпаймоии тантанавӣ сурат гирифт.
 

Субҳи барвақт тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ,  ҷавонону варзишгарон бо шиору овезаҳои аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Парчамҳои давлативу ҳизбӣ ҳамчун рамзи олии ватандорӣ зери савту навои карнаю сурнай, суруду таронаҳо дар васфи Ватан бо хотири болида ва шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии сарзамини аҷдодӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҷамъ омада, дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд.
 

Мавриди зикр аст, ки дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, инчунин кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрони ҳизбӣ дар ин роҳпаймоӣ фаъолона иштирок карда, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мо бо Пешвои миллат ифтихор дорем!” ба сокинони касбу кори гуногун тақвими соли 2024, ки дар он акси Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасвир ёфтааст, дастрас намуданд.