ОЗМУНИ «РАСМИ БЕҲТАРИН» БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни «Расми беҳтарин» Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қайд гардид, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдории ҳар миллат ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун будани кишвар аст. Парчами давлати соҳибистиқлоли мо нишонаи таъриху фарҳанги пурғановати миллатамон буда, моро водор Парафшонӣ ва болобаландии парчам барои ҳар фарди ватандӯст нишонаи ободиву озодӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори нангу номуси кишвар аст. Ҳамин бузургӣ ва эҳтироми парчам аст, ки халқи тоҷик аз қадим онро ҳамчун як муқаддасоти миллӣ ва нишонаи пешрафту музаффарият медонистанд, ки ин анъана то ба имрӯз  побарҷост.