ГУЗОШТАНИ САҲМИ БЕАНДОЗА ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниӽо бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  зери унвони "ҲАФТАИ ҲХДТ” дар назди бинои Кумитаи иҷроия, корӽои ободонӣ доир намуданд. Боиси қайд аст, ки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ҳамешасабз, тозаву  озода намудани гузаргоӽӽо ва гирду атрофи бино, гулу буттаҳо ва нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани маҳали коргоҳи худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.