МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлисгоҳи #Шӯъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №2-и Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрии гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори Раёсати бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон, Анзурат Абдусаломзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷидзода Фотима бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии Ҷамоат доир гардид.Нахуст, сухани ифтитоҳиро муовини раиси ноҳия Ҳ.Исҳоқӣ кушода меҳмононро муаррифӣ намуд ва мақсади баргузории вохӯриро ба ҳозирин баён намуд. Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ тавассути бурдани корҳои таблиғотию тарғиботӣ ба мардум расонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар ва таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, инчунин, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, худшиносию хештаншиносӣ, ҷилавгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти ифротидошта, бегонапарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан дар рушд ва шукуфоии диёри маҳбуб маҳсуб меёбад.

Дар интиҳо ба як қатор занону бонувони фаъол, ки пайваста дар чорабиниҳои оммавию сиёсӣ саҳми бориз доранд бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ