ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРЗАНГИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Имрўз бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бозори марказии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занону бонувон оид ба бар либосҳои миллӣ, суннату анъана ва расму оин, бахусус либоси миллии тоҷикона доир гашт, ки дар кори он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон, Анзурат Абдусаломзода иштирок дошт.Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз зумраи миллатҳоест, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат ҷаҳониён эътирофаш намудаанд. Ниёгони мо ҳанӯз аз умқи таърих бо офаридани матоъҳои абрешим, суф, читу карбос ва атласу адрас, шоҳӣ ва чакан шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда, махсусан ин дар асрҳои миёна ба воситаи роҳи бузурги Абрешим то Аврупо рафта мерасад. Дар тӯли таърих миллати тоҷик тавонист фарҳангу маданият, урфу одат, суннату анъана ва расму оин ба хусус либоси миллии тоҷиконаи худро нигоҳ дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост, моро зарур аст, либоси миллии худро ҳамчун тараннумгари фарҳанги миллӣ эҳтиром, эҳтиёт ва таблиғ намоем. Аз ин рӯ ҳифозат намудани он дар дасти худи мост, то ин ки тавониста бошем ба наслҳои оянда ба мерос бимонем. Ба сокинону бонувон фаҳмонида шуд, ки бо бар намудани либосҳои шинаму суннатии миллӣ мо метавонем дар тарбияи фарзандони худ таъсир гузор бошем.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ