ДАР АМАЛ ТАДБИҚ НАМУДАНИ АМАЛИЁТИ "МАКТАБИ МАН"

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳалқаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд гардонем”.Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳақиқат” Неъматов Рустам дар доираи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Мактаби ман” корҳои таъмирию азнавсозӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ, Асосиатсияи падарону муодарон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд ва шахсони саховатманди деҳаи Ҳақиқат бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Қимси зиёди корҳо аз қабили иваз намудани шифери болои синфхонаҳо, насби дару тирезаҳои пластики ва таъмири синфхонаҳо ба анҷом расонида шадааст. Айни замон корҳои омодагӣ барои азнавсозии намуди берунаи бино рафта истодааст. Дар кори сохтман мутахассисони маҳалӣ ҷаб шудаанд.