ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА 29 – СОЛАГИИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни занону бонувон бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор шуда истодааст.Мусобиқа санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аловуддин” дарви дигари мусобиқа дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 байни бонувон ва ҷавондухтарони ташкилотҳои ибтидоии “Навобод” ва “Гулшан” баргузор карда шуд, ки дар ин рақобат волейболбозони ташкилотҳои ибтидоии “Гулшан” ғолиб баромада ба даври минъбада роҳхат гирифт. Дар мусобиқа ҷавондухтарони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибон муайян гардида, дастаи мунтахаб барои иштирок дар давраи ниҳоии мусобиқа интихоб карда мешаванд.