ЛИМӮПАРВАРОН ИМСОЛ ХАРИДОРИ ХУДРО ПАЙДО КАРДАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳамасола аз вилояти Хатлон даҳҳо тонна лимӯи хушсифат истеҳсол шуда, на танҳо ба дигар минтақаҳои мамлакат, балки ба хориҷ аз кишвар низ содирот мешавад. Лимӯпарварон имсол аз фаровонҳосилӣ ва боло рафтани арзиши он дар бозорҳо хушҳол ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта аз камбуди харидор ва нархи пасти лимӯ нигаронӣ мекарданд.

Лимӯ аз меваҳои серхаридор буда, солҳои ахир таваҷҷуҳ ба парвариши он дар мамлакат зиёд шудааст. Ҷайҳун аз ноҳияҳои пешсаф дар самти парвариш ва истеҳсоли лимӯ аст, ки деҳқонони ноҳия навъҳои гуногуни онро дар гармхонаҳо парвариш мекунанд. Парвариши лимӯ нозук буда, ба сардиҳо чандон тобовар нест, аз ин рӯ онро дар гармхонаҳо нигоҳубин мекунанд.
 

Маҳмадсаид Икромов ли-мӯпарваре аз Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аст. Мегӯяд, ки имсол ҳосили дарахтони лимӯҳои гармхонааш хуб буда, ба ҷамъоварии он шуруъ кардааст. Ҳар сол аз ҳисоби фурӯши лимӯ даромади хуб ба даст меовард, аммо соли гузашта, ки арзиши як килло лимӯ ба 4,50 сомонӣ расид, чандон фойида намегирифт.

«Соли сипаригашта ҳам ҳосил дар дарахтон хуб буд, аммо харидор кам буд. Ҳосилро нигоҳ надоштем, бо ҳар нархе, ки харидор пешниҳод мекард, фурӯхтем. Хушбахтона имсол қимати лимӯ хуб аст. Аллакай ба чиндани ҳосил оғоз кардем»,-мегӯяд деҳқон.
Ба гуфтаи Маҳмадсаид Икромов, парвариши меваи лимӯ чандон осон нест, зеро барои сохтани гармхона ва хариди плёнкаю дигар маҳсулот пули зиёд сарф мешавад. Ин яке аз сабабҳои гарон будани нархи лимӯ мебошад. Ин лимӯпарвар мегӯяд, ки барои гирифтани ҳосили хуб деҳқонон метавонанд аз биогумс истифода баранд. Ба гуфтаи олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ дар таркиби биогумс 18 намуд элемент мавҷуд аст, ки қувватнокии замин ва дарахтонро зиёд мегардонад.

 

«Гирди дарахтро нарм карда, 40 сантиметр дур аз бехи он то 40 килло биогумс медиҳем. Агар камтар диҳем, чандон таъсир намекунад. Дар як сол як маротиба ин корро иҷро мекунем. Биогумс на танҳо барои дарахти лимӯ, балки ба тамоми дарахтон манфиатовар аст»,-ироа кард деҳқон.
 

Маҳмадсаид Икромов соли гузашта аз 100 бех ниҳол беш 5 тонна лимӯ ба даст оварда буд. Имсол низ дарахтони гармхонааш серҳосил буда, умед дорад, ки ҳосили хуб ба даст меорад. Лимӯпарварӣ даромади иловагӣ барои хонаводаи Маҳмадсаид аст. Гоҳҳо барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии хонаводааш ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад.
 

«Кор дар Русия рӯз аз рӯз мушкил шуда истодааст. Ният дорам, ки шумораи гармхонаҳоро зиёд намояму ҳама аҳли хонавода якҷоя меҳнат карда, рисқу рӯзиямонро аз ҳаминҷо пайдо кунем. Меҳнат кардани мо барои боло рафтани иқтисодиёти хонавода ва ҳам барои давлат мусоидат мекунад»,-гуфт дар фарҷоми суҳбат М. Муродов.
 

Ба гуфтаи масъулини идораи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун имсол ҳосили лимӯ дар ноҳия хуб буда, харидораш низ кам нест. Диловаршо Собирзода, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи мазкур дар як суҳбати телефонӣ қайд кард, ки соли 2022 лимӯпарварони ноҳия 6 ҳазору 350 тонна лимӯ истеҳсол карданд. Соли сипаригардида низ ҳосил бад набуд, вале бо далели камбуди харидор маҳсулоти як қисми деҳқонон вайрон шуданд.
 

«Ҳосиле, ки феълан дар гармхонаҳои аҳолӣ дида мешавад, маълум аст, ки нисбат ба соли гузашта истеҳсол зиёдтар аст. Дар ноҳия дар майдони 150 гектар замин лимӯ парвариш карда мешавад. Феълан қимати лимӯ аз 10 то 15 сомонӣ аст. То ба имрӯз як қисми деҳқонон маҳсулоти худро фурӯхтанд»,- ироа кард Д. Собирзода.
 

Ҳамасола аз ноҳия ба кишварҳои Ӯзбекистону Қир-ғизистон ва Қазоқистону Русия лимӯ содирот мешавад. Як моҳи ахир аст, ки тоҷирони вилояти Суғд маҳсулотро аз деҳқонони ноҳия харидорӣ карда, ба Ӯзбекистон бурда истодаанд, -гуфт дар фар-ҷоми суҳбат Диловаршо Собирзода, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун.
 

Тавре дар боло зирк шуд имсол лимӯпарварон хушҳоланд, ки арзиши лимӯ дар бозорҳо боло рафтааст. Маҳмадраҷаб Ҷобиров низ аз лимӯправарони ботаҷриба дар ноҳияи Кӯшониён аст. Соли гузашта ҳосили гармхонаҳои лимӯаш зиёд буд, вале аз намбуди харидор ва нархи пасти он нигаронӣ мекард, ки агар бо нархи 4,50 сомонӣ мефурӯхт харҷи кардаашро ҷуброн карда наметавонист.
Аз сабаби гармхонаи зиёд доштан, ҳамасола тоҷирони дигар минтақа омада маҳсулоташонро харидорӣ мекунад. Имсол дар фурӯши маҳсулот мушкил надоранд, зеро харидор зиёд аст ва бо нархи муносиб дастрас мекунанд. Бо вуҷуди 13 гармхона доштан, ният дорад, ки шумораашонро зиёд карда, даромади хуб ба даст биёрад. Лимӯпарварӣ ягона манбаи даромади хонаводаи Ҷобировҳо аст. Ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии ҳосил чанд нафари дигарро низ ба кор ва маош таъмин мекунанд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»