ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-БУНЁДГУЗОРИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳарчанд тоҷику тоҷикистониён баъд аз истиқлолияту озодӣ бо имтиҳони сахту сангини таърихӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале бо шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид, ки мардуми тоҷик қодир аст таҳти сиёсати ин абармарди ҷаҳонӣ муттаҳид шуда, давлатро соҳибӣ кардаву Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созандаву бунёдкор ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз ғарқоби яъсу ноумедӣ ба соҳили наҷот бароварданд ва дар дили онҳо чароғи эътимоду бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон фурӯзон карданд.
 

«Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишварамон ва сокинонаш ин рисолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку ободии Ватан ҷоннисориҳо кардаанд.
 

Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ислоҳоти фарогир, таъсиси сохтори муассири идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар, таъмини шароити созгор барои тиҷорат, оғози сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва амсоли ин хӯшае аз хирмани дастовардҳои давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.
 

Мавриди зикр аст, ки аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ба хотири наҷоти миллат ва давлат гардиши куллиро ба бор овард, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, сиву як сол сипарӣ гардид. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бонангу номус, ки истиқлолият ва озодӣ барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад.
 

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандашавӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқ-тисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
 

Иҷлосия дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид.
 

Авзои он замонро ёдовар шуда,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки : «Аз фаъ-олият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 - 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт».
Чун нияти нек ва иродаи  хастанопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки  дар марҳилаи аввали давлатдорӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, давлату миллат ба дастовардҳои беназир комёб гардиданд.

 

Ҷоиз ба зикр аст, ки кишвари мо танҳо соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ ва тадбирҳои самарабахш  идомаи мантиқии ба сифати Роҳбари давлат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
 

Шоистаи арҷгузорӣ аст, ки Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди фузун будани садду камбудиҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд.
 

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи тағйирнопазир доштанду дар раванди фаъолият идеяҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва механизмҳоеро ироа мекарданд, ки бо дурандешона будани худ фарқ доштанд. Имрӯз, бо гузашти замон, маълум гардид, ки чунин мавқеъгирӣ дар ҳамон давра сарнавиштсоз будааст.
 

Роҳи тайкардаи ин абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистони азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшида, ваҳдати сартосариро таъмин намуданд. Ин аст, ки мо, тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки аз 7500 ҳазор қавму миллатҳои ҷаҳон соҳиби сарзамин ва давлати  худ ҳастем.
 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештару пештар талош варзида, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Салим САЙВАЛИЗОДА, раиси
Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб