НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА НУМУИ ТОҶИКИСТОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

14 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумуи Тоҷикистон” баргузор гардид.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ ҳозиринро ба ин рӯзи муқаддас табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тибқи раддабандии Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт, ки ин аз хизмати софдилона ва шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
 

- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз, падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ ва ҳифзи давлатдории милии тоҷикон ба шумор рафта, дар таърих бо сатрҳои заррин сабт гардидааст. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва корномаи беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иҷлосияи тақдирсоз бошад, сиёсатмадореро ба сари ҳокимият овард, ки ин миллату давлатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод.

Сипас, Сафарализода Хуҷамурод, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва ваҳдати миллӣ ёдоварӣ карда,  афзуд, ки таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.

“Мардуми шарафманди тоҷик барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон дода, қаҳрамониҳо кардаанд. Нақши Пешвои миллат дар ин самт хеле бузург аст”, - афзуд Холиқов Фирдавс, муовини сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон.
 

Инчунин, дар конференсия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ низ ба сухан баромада қайд намуданд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳу илҳоми тоза бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
 

Инчунин, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, дар идома илова кард, ки бо шукуҳу шаҳомати хоса  ҷашн гирифтани солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳёи ватандӯстии шаҳрвандони кишвари азизамон, хосатан барои ҷавонон ва насли навраси мо нақши муҳим мебозад.
 

Месазад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз ба қадри заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, барои ба таври доимӣ нигоҳ доштани сулҳу субот ва тинҷиву оромии кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳои Ватани азизамон ҳамарӯза ҷаҳду талош намоянд.

Лозим ба зикр аст, ки дар ин Конференсия ба ду нафар ҷавонони фаъоли ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

“Ҳамрози халқ”