ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2023. Маркази ноҳия – шаҳраки Москва, кӯчаҳо, назди идораву ташкилоту муассисаҳо қабои идонаро ба худ касб намуданд. Ба ифтихори рӯзи 16-уми ноябр –Рўзи Президент сари ҳар қадам шиору навиштаҷотҳои насбгардидаи идонаи - “Пешвои мо –ифтихори мо”, “Мо-пайравони Пешвои миллат!”, “Президент – кафили истиқлоли миллӣ”, “Рӯзи Президент – рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи миллат”, “Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!”, “Моем миллати парчамдору парчамбардор!”, “Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан”, “Садоқат ба Президент – садоқат ба миллат!”“Эмомалӣ Раҳмон-фидоӣ дар роҳи ватандорӣ”, рамзҳои давлатӣ, парчамҳои ороишӣ, инчунин, гуфтору андеша ва баҳогузориҳои сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳон нисбати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи мақсад гузошта шудаанд. Дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи Президент ва бо мақсади арҷгузорӣ ва гиромидошти хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони ташкилоту муассиса, идорањо таҳти шиори “МО БО ШУМОЕМ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ!” роҳпаймоии идона ташкил карда шуд.Хурду бузурги ноҳия ва сокинони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳпаймоиро тамошо карда, шукронаи сулҳу ваҳдат, оромии кишвар, ки ин ҳама аз ҷаҳду талошҳои бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, шукргузорӣ менамуданд.Раҳпаймоӣ аз саршавии кӯчаи маркази ноҳия оғоз гардида, бо гузашти низомии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0307 ҚС КДАМ ҶТ мустақар дар ҳудуди ноҳия идома ёфт. Дар чорабинии идона, ки қисми тантанавии он дар қисми низомии 0307 ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳия баргузор шуд, сараввал раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва меҳмонон аз шароити буду боши афсарону сарбозон дидан намуданд. Сипас, мавсуф дар назди ширкаткунандагони чорабинї баромад карда, қайд намуданд, ки хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи давлати навини тоҷикон, эҳёи миллӣ ва фарҳангӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар, ваҳдат, осудагию ободии кишвар бнгазир буда, маҳз бо ҷасорати хоси худ, хислатҳои накӯ ва шоистааш, хирадмандиву дурандешиашон дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Дар интиҳои суханрониашон муҳтарам Мирзозода Н.А. иштирокчиёни ҳамоиш ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, рӯзгори нек, иқболи баланду файзу баракати зиндагӣ ва сулҳу ваҳдат ва оромии кишварро ба ҳамагон таманно намуд.Дар чорабинӣ инчунин, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Зуҳуров Ҳ.баромад карда, иброз намуд, ки басо рамзист, ки баргузории чорабинии имрӯза бахшида ба Рӯзи Президент дар қисми ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиш бо ҳама лавозимотҳои ҳарбии навтарин таъмин карда шудааст. Ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҳама зуҳуротҳои номатлуб, ки шарти асосии оромиву суботи ҷомеа ва давлат мебошад, ба дӯши ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вогузор карда шудааст, - гуфт дар идомаи суханрониаш Зуҳуров Ҳ. Сипас, дар чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ба як қатор фаъолони ноҳия ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0307-и ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳиябуда китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, нишонаҳои сарисинагии ҷашнии КДАМ ҶТ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳоро бахшида ба ин ҷашни фархунда тақдим гардонида шуд. Дар маҷмӯъ, дар раҳпаймоӣ бахшида Рӯзи Президент беш аз даҳ ҳазор сокинони ноҳия ширкат намуданд.Дар рафти чорабинӣ аз тарафи афсарону сарбозони қисми низомӣ машқҳои ҳарбӣ ва саҳаҳои марбут ба ҳимояи сарҳад омоданамудаашонро ба иштироккунандагон намоиш доданд.

Дар охири чорабинӣ барномаи омоданамудаи идонаи фарҳангии ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов манзури иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.