АКСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ЗЕРИ УНВОНИ “БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони биҳиштосою азизамон ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва арзандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату халқи тоҷик 16-уми ноябр "Рӯзи Президент" бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Барои расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои муаззами миллат басо бузург мебошад ва маҳз барои ҳамин ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мегӯянд.

Бо ин мақсад тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён санаи 14-уми ноябри соли 2023 аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аксия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИФТИХОР ДОРЕМ" баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки Рўзи Президент ҳамасола 16 ноябр дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин иқдоми некест, барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор мегузорад.