КУМАК БА АШХОСИ НИЁЗМАНД - ХИСЛАТИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру сахо ва кумак ба ашхоси ниёзманд беҳтарин амали ниёгон ва хайру савоб ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Боиси ифтихор ва сарфарозит, ки халқи тоҷик дар асоси пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ҳамеша бо дилу нияти поки хеш ба шахсияҳои ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кумаки хешро дароз менамоянд.

Ин навбат санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ чунин амали нек ва хайрхоҳона бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” дар ноҳияи Ҷайҳун Гуреззода Давлат ба 1 оилаи эҳтиёҷманди сокини ноҳия дар ҳаҷми 300 сомонӣ расонида шуд.

Аз ин иқдом ин оилаҳои эҳтиёҷманд бисёр хушҳол гашта, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкилкунандагони иқдоми мазкур баён ва дуои хайр намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” дар анҷом додани чунин кумакҳо ва иқдомҳои неки инсонӣ фаъол буда, ба сокинони эҳтиёҷманд пайваста кумакҳои хешро мерасонанд.