ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ БАРГӮЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асосои нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  бахшида ба 31 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Иҷлосияи тақдирсоз» озмуни беҳтарин иншо миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудудин ноҳия гузаронида шуд. Мақсад аз озмуни мазкур баланд бардоштани маърифати савияи дониши хонандагон, ба ин васила муаррифи бештари ҲХДТ ва саҳми арзандаи он дар ташаккули ҷавононро ташкил дода, дар сатҳи олӣ доир ва ҷамъбаст карда шуд.

Дар озмуни иншои беҳтарин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба сипоснома ва туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ҳамасола дар саросари кишвар 16-уми ноябр  ҳамчун Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ин санаи фархунда озмунҳо ва чорабиниҳои идона идома доранд.