ВОХӮРӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” МИЁНИ СОКИНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ҷиҳати корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии меваю сабзавот ва захираи хӯроки чорво барои зимистонгузаронии солҳои 2023-2024 бо иштироки масъулини кумитаву идораҳои давлатии ноҳияи Муъминобод идома доранд.

Зимни мулоқот сокинон иброз намуданд, ки дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишварро ба инобат гирифта, гирифтани 2-3 ҳосилро аз як замин ба роҳ мондаанд ва барои тирамову зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Дар рафти вохӯрӣ бо ҳар як оила аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замину захираи маводи ғизоӣ тавсияҳои судманд низ дода шуд.