МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР МАҲАЛ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.

Дар ин раванд бо ҷалби соҳибкорон, раисони Кумитаҳои маҳалла, сокинони маҳал, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сохтмони як қатор иншоотҳои хизматрасонию варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, сангфарш ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.  
Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Донашикан" Хаттиев Эшмаҳмад ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, имрӯз зиёда аз 300 метр роҳи деҳаи Донашикани Ҷамоати деҳоти Нури Вахш мумфарш карда шуд ва ташаббускорон ният доранд, ки бо дастгирии сокинони деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб боз 300 метри боқимондаи роҳро мумфарш намоянд.
Дар ин кор саҳми кормандони МНДРА ноҳияи Дӯстӣ ва раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахш низ назаррас мебошад.