ХИЗМАТ БА ВАТАН КОРИ МАРДОН АСТ!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар сиёсати давлатдорӣ таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштани Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳувияти баланди милливу меросбари илму фарҳанги воло ва идомадиҳандаи анъанаҳои неку башардӯстонаи миллати тамаддунофари тоҷик дарак медиҳад, ки тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат миллату давлати мо дар арсаи олам муаррифӣ гардида, бо ташаббусҳои ояндасози сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти башарӣ нақши пешоҳангӣ мебозад.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ  буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишварамон аз ҳисоби насли ҷавон ҳазорон нафар кадрҳои лаёқатманд тарбияву ба воя расида, имрӯз ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар ҷодаҳои гуногун кору фаъолият бинмуда истодаанд. Самараи таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва масъалагузориҳои ҷиддии зимни ироаи Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар баробари ҷалби сармояи дохилу ҳам шарикони рушд ҷиҳати бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ҳамчунин, дар саросари мамлакат аз ҷониби соҳибкорону сокинони касбу кори гуногун иқдоми наҷиб дар самти сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф амалӣ гардида истодаанд.
 

Ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳо баҳри дар беҳтарин шароитҳо ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози Тоҷикистон имрӯз ҷавонони мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар содиқона кору фаъолият бинмуда, ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат ва саҳмгузорӣ дар рушду ободонӣ ва ҳамзамон ҳимояи марзу буми Ватанро масъулияти муқаддаси шаҳрвандии худ мешуморанд.
 

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати тарбияи насли ҷавони кишварамон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихор аз миллату давлатдории соҳибистиқлол ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон бо иқдоми роҳбарияти олии мамлакат ва фаъолони ҷомеа тадбирҳои наҷибу ояндасоз рӯи кор меоянд. Аз ҷумла, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба тасвиб расонида шавад. Ҳамин тавр санаи 24-уми декабри соли 2022, №1920 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид.
 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, мазмуну муҳтавои он аз фарҳанги волои мардуми соҳибтамаддун сарчашма мегирад, ки дар радифи дигар ниёзу хостаҳои иҷтимоӣ инсоният дар ҳама давру замон ба тарбия ва донишомӯзӣ ниёз дорад.

Чӣ хуш гуфт он Паёмбари ростгӯй,
Зи гавҳора то гӯр дониш биҷӯй.

Тавре ҷомеашиносону коршиносони масоили сиёсӣ изҳор медоранд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад, ки бо тақозои замон ва масъулияту ҳадафҳои бузурги ояндасози ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ташаккули афкори ҷомеа ва рушди ояндаи кишварамон нақши ниҳоят муҳим хоҳад гузошт.
 

Чуноне, ки дар моддаи 5 қонуни мазкур омадааст, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд; коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимиву  фарҳангӣ; иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқомат дошта, ташкилотҳои динӣ, аҳзоби сиёсӣ, воситаҳои ахбори умум, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб мераванд.
 

Яъне, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” кулли сокинони кишварамонро расман водор менамояд, ки нисбат ба ҷамъият ва якдигар ҳисси бетарафӣ надошта бошем. Дар воқеъ, барои инсон ҳама гуна тарбия муҳиманд, вале дар ҳаёти ҳар яки мо ба вижа насли ҷавону ояндасози ҷомеа тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Бинобар ин, мо фаъолони ҳизби пешбарандаи ҷомеа, аз ҷумла, камина ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик бо мақсади тақвият бахшидани самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон якчанд пешниҳод дорам.
 

Дар баробари тавассути воситаҳои гуногуни фарҳангӣ-маънавӣ тақвият бахшидани фаъолияти дастгоҳҳои идеологӣ баҳри мафкурасозӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ ва ташаккули афкори ватандӯстиву ватанпарварӣ дар замири насли ояндаи ҷомеа, мебояд, ки аз овони хурдӣ дар зеҳни кӯдакону нав-расон завқу ҳаваси пӯшидани сару либоси низомиро бедор намуд. Фарҳангу оини парчамбардорӣ ва чорабиниҳо дар самти ҷалби таваҷҷуҳи наврасону кӯдакон ба ифтихору масъулият аз парчамдориву бардоштани ливои муқаддасро дар муассисаҳои томактабиву таҳсилоти ибтидоӣ дубора эҳё бояд кард. Эҷоди шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, хизмати Ватан-Модар ва дигар мавзуъҳои ба хотири баланд бардоштани руҳияи ватандориву ҷасорат дар ҳимояи марзу буми хеш ва омӯзишу азбар намудани он дар синни таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ. Ҳамзамон дар марҳилаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо истифода аз мавзуъҳои болозикр тақвият бахшидани дарсҳои тарбиявӣ дар мактаб ва ҳамзамон, такмили дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
 

Тадбири дигар дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ин авлавият додан ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд. Мавриди зикр аст, ки яке аз воситаҳои муҳиму самарабахши ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ташкили суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо наваскарону хизматчиёни ҳарбии ба рухсати эҳтиётӣ ҷавобшуда арзёбӣ мегардад. Ширкати чунин ҳомиёни Ватан бо сару либоси низомӣ ва қадрдонии онҳо ва устодону волидонаш аз ҷониби масъулони чорабиниҳои мазкур метавонад дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли ҷавон такони бузурге бахшад.
 

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар рафти маъракаи муҳими сафарбаркунии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ташаббусҳои ватандӯстонаи оилаҳои зиёӣ, вакилону мансабдорони давлатӣ ва дигар нафарони обрӯманд, ки аз рӯзҳои аввали даъвати ҳарбӣ фарзандони худро  ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мекунанд, намунаи ибрат барои дигар сокинон шуда метавонад. Дар ин росто масъулияти шаҳрвандӣ низ нақши ниҳоят бузург бозида метавонад, агар атрофи ин мавзуъ ҳар нафари мо аз якдигар новобаста ба мақому зинаҳои мансабӣ пурсон шавем, ки оё мо хизмати ҳарбиро адо намудаем ё ин ки фарзандони худро барои ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил шудан омода намудаем?
 

Биноан, рисолати зиёӣ будан ҳам аз саҳмгузорӣ дар тарбияи инсон ва ҷалби фарзандону дигар ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар аст ва донис-та бошем, ки имрӯз ё ояндаи наздик шаҳрванди бедордиле аз ҳар яки мо фаъолони ҷомеа ин суолро хоҳад пурсон шуд, ки дар ин самт барои Ватани худ чӣ хизмате анҷом додаем.
 

Бо мақсади тақвият бахшидани самти тарбияи ватандӯстии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар деҳу рустоҳо мебояд, ки масъули робита бо ҷомеаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот на як нафари тасоддуфӣ, балки мутахассиси варзида, аз ҷумла собиқадори хизмати ҳарбӣ ё донишманду суханвари моҳир бошад, ки бо афкору андешаҳои ҷолиб дар тарбияи маънавӣ ва маърифатнокии сокинон таъсиргузор буда, ҷомеаро ба суҳбату вохӯриҳои созанда ҷалб карда тавонад. Инчунин, муҳимтарин василаи татбиқи ҳадафҳо дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ин ташаббусҳои пайвастаи ҳар яки мо падару модарон ҷиҳати иштирок дар дарсҳои фарзандон ва таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Зеро ин таҷрибаву оини бунёдгузорӣ дар рушди ҷомеаи башарӣ, аз ниёгонамон мерос гирифтаем, ки таваҷҷуҳи ҳамагонӣ ба маорифу фарҳанг ва рӯ овардани ҷомеа ба китобу китобхонаҳо ягона роҳи наҷот аз мушкилиҳои ҳаётӣ асту роҳе барои фароҳам гардидани рӯзгори шоиставу саодати зиндагӣ:

Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,
Бинмоӣ раҳи наҷотам ба осонӣ.
Гуфто Мактаб, Мактаб, Мактаб,
Бояд   хонӣ,   хонӣ,  хонӣ.

Хулоса мо, дар якҷоягӣ ҳамчун як неруи созандаи меҳани худ метавонем, ки насли ояндаи Тоҷикистони азизамонро дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ тарбия ва ба воя бирасонем, ки ин масъулияти шаҳрвандии мо буда, дар ин ҷодаи пурмасъулият робитаи мустаҳками оила, мактаб ва ҷомеа нақши меҳварӣ мебозад.

Маҳмасаид Раҷабзода,
раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Темурмалик