ҲОСИЛИ ФАРОВОН ДАР ПАХТАЗОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ аст, ки истеҳсоли зиёди он ба боло рафтани иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Ҳамасола аз вилояти Хатлон садҳо тонна пахта истеҳсол шуда, ба хориҷ аз кишвар низ содирот мешавад. Имсол кишоварзони вилоят дар майдони 123251 гектар замин кишти пахта гузаронидаанд.

Бояд қайд кард, ки ҳосили пахта дар марзҳои корам фаровон буда, кишоварзон талош доранд, ки бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ сари вақт пахтаро ҷамъоварӣ карда ба нуқтаҳои қабул супоранд. Зимини таҳияи ин матлаб  мо аз якчанд замини хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сад-риддин Айнии ноҳияи Хуросон дидан кардем, ки чинакчиён бо ҳавасмандии зиёд ба ҷамъоварии пахта ё «тиллои сафед» машғул буданд.
 

Зане, ки худро Фотима муаррифӣ кард ҳамроҳи ду духтараш ҳар рӯз субҳи барвақт ба саҳро барои ҷамъоварии пахта мераванд. Мегӯяд, ки дар як рӯз то 200 килло пахта мечинанд. Арзиши ҷамъоварии як килло пахта як сомонӣ муқаррар шудааст. Мисли Фотима садҳо нафари дигар ҳаст, ки дар мавсими чиниши пахта даромади хуб ба даст меоранд.
 

«Мо дар як рӯз 200 килло пахта мечинем, гоҳҳо аз ин ҳам кам ва зиёд мечинем. Аз деҳаи мо ҳама занҳои хонашин ба саҳро мебароянд. То ба охир расидани мавсими ҷамъоварии пахта қисми зиёди камбудиҳои рӯзгорамонро бартараф мекунем»,-илова кард Фотима.
 

Имсол дар чаҳор Ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросон дар майдони 4 ҳазору 280 гектар замин кишти пахта гузаронида шудааст, ки ҳосили пахта нисбат ба соли гузашта хуб мебошад. Ибодулло Давлатзода, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи мазкур мегӯяд, ки ин шабу рӯзҳо хоҷагидорон бо истифода аз ҳавои гарму офтобӣ талош доранд, ки ҳосили пахтаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Имсол дурнамои пахта дар ноҳияи Хуросон 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки то ба имрӯз наздики 8 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст.

«Хоҷагиҳои пешқадам аз як гектар то 65 сентнер пахта ба даст оварданд. Мушкил дар нуқтаҳои қабули пахта аст, ки пахтаро аз кишоварзон бо нархи нисбатан арзон қабул мекунанд ва маблағашро ҳам сари вақт пардохт намекунанд. Ин мушкил боиси он гаштааст, ки кишоварзон пахтаро на ба нуқтаҳои қабул, балки дар хонаҳояшон захира карда истодаанд. Мо ба ин нигоҳ накарда аз ҳосиле, ки феълан дар заминҳо дида мешавад, умед дорем, ки нақшаи дурнамои пахтаро ба пуррагӣ иҷро менамоем»,-ироа кард Ибодулло Давлатзода.
 

Пахта бойгарии давлат ба ҳисоб рафта, дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад. Соли гузашта қимати пахта дар мамлакат дар оғози мавсими ҷамъоварӣ 11 сомониро ташкил медод ва бо гузашти чанде нархи он поён фаромад, ки кишоварзонро нигарон кард. Онҳо бар ин назаранд, ки сӯзишворию доруҳои азотиро бо нархи гарон дастрас карданд, вале маҳсулоташонро бо арзиши номуносиб фурӯхтанд. Ба гуфтаи кишоварзон имсол нархи пахта дар нуқтаҳои қабул 6,50 сомонӣ мебошад.
 

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дурнамои пахта дар вилоят иҷро нашудааст. Ҳосил дар марзҳои корам фаровон буда, деҳқонон низ саргарми ҷамъоварии он ҳастанд. Майрам Ёрматова, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ёрматзод» дар Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аст, ки мегӯяд имсол дар майдони 9 гектар замин кишти пумбадона гузаронидааст. Аз ҳар як гектар то 50 сентнер пахта мегирад. Бо аҳли саҳмдорону чинакчиён талош доранд, ки ҳосилро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабули пахта супорад.
 

«Зиндагиямон аз ҳисоби замин аст. Ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода мебарем. Ҳосили имсолаи пахта нисбати соли гузашта хуб аст. Ба чинакчиён сари ҳар килограм пахта як сомону 10 дирам медиҳам, то ин ки ҳавасманд шаванду сари вақт ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд»,-мегӯяд М. Ёрматова.
 

Ин бонуи кишоварз мегӯяд, ки нархи сӯзишворию доруҳои азотӣ ниҳоят қимат аст.  Дар сурати арзон будани он кори деҳқонон дучанд рушд мекунаду нархи  маҳсулот дар бозорҳо низ коҳиш меёбад.
 

Бояд қайд кард, ки бо  дастури узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоят ҷиҳати саривақт ҷамъоварии пахта ё «тиллои сафед» ва иҷрои дурнамои он дар вилоят рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ва якшанбе ба пахтазорҳо рафта, ҳамроҳи чинакчиён пахта мечинанд.
 

Ёдовар мешавем, ки 10 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти Раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид. Дар маҷлис гуфта шуд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят дар майдони 123251 гектар кишти пахта гузаронида, дурнамои кишти онро 100 фоиз таъмин намуданд.
 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои саривақт ҷамъоварии ҳосили пахта, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»