КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

3 ноябри соли равон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида  ба  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят,  мудирони шуъбаҳо ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
 

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди мамлакатро  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфта, изҳор дошт, ки таърих гувоҳи он аст, ки дар ҳар давру замон аз миёни қавму миллатҳои гуногуни олам шахсиятҳои таърихсозе зуҳур менамоянд, ки бо фитрати азалӣ ва неруи бузурги миллату давлатсозӣ ҷомеа ва давлати худро қудратманду пешоҳанги ҷаҳон месозанд. Чуноне, ки тамоми дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Тоҷикистон аз қабули Конститутсия сарчашма мегирад, аммо оғози марҳилаи навине, ки барои баргузории Раъйпурсии умумихалқии рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 замина гузошт, Иҷлосияи таърихӣ буд, ки бо зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик қонуният барқарор ва сохтори давлатдорӣ зина ба зина ташаккул ёфт.
Яъне, тамоми дастовардҳои Тоҷикистони   соҳибистиқлол,   ки давоми 31 сол на танҳо рушду обод гардида, балки  имрӯз ҳамчун давлати мутамаддин дар ҳалли масоили глобалии сайёра нақши пешоҳангӣ дорад,  аз иродаи сиёсиву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад. Хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болоянд, ки фарзанди фарзонаи миллат дар замони ниҳоят ҳассосе зимоми давлатдориро ба уҳда гирифт, ки миллату сарзамини аҷдодиамонро  хатари нестӣ таҳдид мекард.

 

Инчунин, дар ҷамъомад қайд гардид, ки дар марҳилаи бунёдгузории давлати навини Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳиме дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ба ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки ҳамчун санаи сарнавиштсози миллат унвон мешавад. 6-уми ноябри соли 1994 Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин санаҳои муҳими таърихист. Зеро маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хотири ҳимоя аз озодиҳо ва ҳуқуқи инсон, шаҳрванд, демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Маҳз дар ин санади муҳими таърихӣ он ҳама арзишҳои башарӣ дар иртибот ба муқаддасоти олӣ, аз ҷумла, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Зебо Икромзода,  “Ҳамрози халқ”