ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

7 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба  Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир  гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,  муовини раиси вилоят  Фирӯза Шарифӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Нахуст, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҳунарро ба ифтихори иди касбиашон табрику муборакбод намуд. Зимни суханронии хеш  аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки ҳунармандони асили ин боргоҳи ҳунар  бо нақшофариҳои  ҷолиб дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» тӯли се соли охир  сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
 

- Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - қайд кард муовини раиси вилоят.
 

Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъ-олияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар дошта, ҳар як ҳунарманди асил метавонад дар рушди саҳнаи тоҷик саҳмгузор бошад.   Сипас,  ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тақдим гардид.
 

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳунармандону санъаткорони хушсалиқа бо  барномаи рангини  консертӣ таҳти унвони "Ҷилваи ҳунар", ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд,  хотири тамошобинонро болида гардониданд.

“Ҳамрози халқ”